давра
- давра
[دوره]
а
1. чизи мудаввар, гирд, доирашакл: мизи давра, оинаи давра, ҳавзи давра; чароғи давра ниг. даврапилта
2. давр, гардиш, навбат
3. гурӯҳи ҳалқа зада ба як ҷо гирдомадаи одамон, маърака, ҷамъомад (мас., давраи ҷавонон)
4. вақту замони муайяни инкишофи чизе ё фаъолияти касе; давр, замон, вақт, айём; овон: давраи бачагӣ (кӯдакӣ), давраи имтиҳонот, давраи нави муносибатҳои байналхалқӣ, давраи ислоҳоти замин; давраи ҳисоботӣ муддати фаъолияти ягон ҳайати интихобӣ, ки дар бораи он ҳисобот дода мешавад
5. як қисми муддате, ки барои бозие ҷудо карда шудааст, давр; аҳли давра дар давра ҳозирбудагон, ҷамъомадагон, аҳли маҳфил; дар давраи дӯстон дар иҳотаи дӯстон, дар байни дӯстон; давра гирифтан (давра гирифта нишастан) гирд омадан, ҳалқа зада нишастан, ҳалқавор атрофи чизеро печонидан; давра кардан д. маросиме, ки барои муайян кардани синну соли шахси фавтида ва шустани гуноҳи ӯ гузаронида мешавад; давра шудан ниг. давра гирифтан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки.
Под редакцией Сайфиддина Назарзода.
2008.
/* Баннер Марка h=440 px */
Смотреть что такое "давра" в других словарях:
даврият — [دوريت] а. давра ба давра … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дарӣ — I [دري] мансуб ба дара; кабки дарӣ навъе аз ҷинси кабки хушхон II [دري] забони форсию тоҷикии адабӣ, ки аз асрҳои VIII IХ сар карда дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нашъунамо ёфт ва дар давраҳои баъд ба дигар сарзаминҳо паҳн шуда, асос ва намунаи… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
марҳала — (марҳила) [مرحله] а 1. миқдори муайяни масофаи роҳ, масофае, ки сафаркунанда дар як рӯз тай мекунад 2. кит. ҷои истироҳат дар аснои роҳ, манзилгоҳ, истгоҳ, корвонсарой 3. лаҳза ё давраи маълуми ягон амалиёт; лаҳза, ваҳла: марҳалаи аввали сохтмон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
покашак — [پاکشک] бозии бачагона, ки бачаҳо пойҳояшонро дароз карда давра менишинанд ва чун сардори бозӣ ба касе ишора кунад, вай пояшро зуд аз давра мекашад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳалқа — [حلقه] а 1. ҳар чизи давра ва доирашакл, ки дарунаш холӣ бошад: ҳалқаи дар 2. давра, доира; ҳалқаи иҳота доираи муҳосира 3. гӯшвора 4. печутоби мӯй; ҳалқа ҳалқа доира доира, гирд гирд, гиреҳ гиреҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷурга — (ҷирга // ҷарга) [جرگه] т 1. ҳалқа задан, давра кашидан, ҳалқавор қатор шудани мардум; давра задани мардум барои дар миёна гирифтани сайд 2. анҷуман, анҷуманороӣ: ҷиргаи қабоили Афғонистон … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аввалҳо — [اول ها] гуфт. давраҳои аввал, пештар … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босқоқ — [باسقاق] т. м. таър 1. маъмури андоз дар давраи ҳукмронии муғулҳо 2. волӣ, ҳукуматдори ҳамин давра … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гардиш — [گردش] 1. гирдгардӣ, чархзанӣ, даврзанӣ: чарх ба гардиш даромад 2. сайру гашти кӯтоҳмуддат, сайру тамошо, тамошо карда роҳ рафтан 3. рафтор, ҳаракат 4. чанбари чизҳои доирашакл: гардиши доира, гардиши ғалбер 5. маҷ. тағйирот, дигаргунӣ,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гирд — [گرد] 1. доирашакл, мудаввар 2. атроф, давр, пиромун; гирди… // ба гирди… дар атрофи…, пиромуни…, ба даври…; аз гирди… аз атрофи…, гирдогирди…; гирдгирди… атрофи…, давродаври…; гирду атроф // гирду канор // гирду пеш давродавр, ҳама ҷониби… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ